Тоҷикистон ҳамчунон бар сари дуроҳаи пайвастан ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё
Вазири умури хориҷаи Тоҷикистони боз ҳам гуфт, ки кишвараш дар ҳоли баррасии мавзӯи пайвастан ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё аст.
Ба гузориши сомонаи “Спутник”, Сироҷиддини Муҳриддин дар нишасти хабарӣ дар шаҳри Душанбе афзуд: Мавзеи Тоҷикистон дар баробари ин мавзуъ тағйир накардаву Душанбе муътақид аст, ки қабл аз пайвастан ба ин иттиҳодия бояд абъоди мусбату манфии узвияти Тоҷикистон ба таври ҳамаҷониба баррасӣ шавад.
Вай таъкид кард: Ҳукумати Тоҷикистон танҳо пас аз дарёфти гузориши коргурӯҳи вижае, ки барои баррасии паёмадҳои пайвастани ин кишвар ба ин ниҳоди ҳамгароии минтақаӣ ташкил шудааст, дар ин замина тасмим хоҳад гирифт.
Ин дар ҳоле аст, ки ба ақидаи коршиносон пайвастани Тоҷикистон ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё барои коргарони муҳоҷири тоҷик дар Русия имтиёзоти зиёде ҳамчун пардохти нафақа, муофият аз дарёфти муҷаввизи кор ва ҳаракати озодона дар ин кишварро ба ҳамроҳ дорад.
Мақомоти Тоҷикистон дар 6 соли ахир ҳамвора дар посух ба дархости Русия барои пайвастан ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё гуфтаанд, ки дар ҳоли баррасии ин мавзуъ ҳастанд.
Бештар бихонед:
- Чаро Тоҷикистон шарики ҷаззобе барои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё нест?
- Ҳазфи коргарони муҳоҷири тоҷик аз дарёфткунандагони нафақа дар Русия
- Тоҷикистон барои пайвастан ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё шитоб намекунад