Талоши Тоҷикистон барои узвияти ғайридоим дар Шӯрои амният
Феврал 16, 2021 11:51 Asia/Dushanbe
-
Тоҷикистон барои узви ғайридоим шудан ба Шӯрои амнияти СММ дархост дод
Тоҷикистон корзори интихоботиро барои узвияти ғайридоимии Шӯрои амнияти Созмони Милал оғоз кард.
Ба гузориши “Ховар”, Тоҷикистон корзори интихоботиро барои касби узвияти ғайридоимии Шӯрои амнияти Созмони Милал барои солҳои 2028 - 2029 оғоз кард.
Сироҷиддини Муҳриддин, вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар конфронси матбуотӣ дар шаҳри Душанбе ба хабарнигорон гуфт: Эмомалӣ Раҳмон, раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тасмими масъулони кишвар барои узвияти ғайридоими Шӯрои амнияти Созмони Милал дар солҳои 2028 - 2029 дар ҳафтоду панҷумин нишасти Маҷмаи умумии видеоконфронсии Созмони Милал дар моҳи сентябр эълом кард.
Бештар бихонед:
- Кумакҳои башардӯстона ба арзиши 3 миллион доллар ба Тоҷикистон
- Интиқоли кумакҳои ғизоӣ ва пизишкӣ ба минтақаи Суғд
- Таҳвили кумакҳои пизишкӣ ва беҳдоштии Швейтсария ба мақомоти тоҷик
Барчасп