Феврал 16, 2021 13:22 Asia/Dushanbe
  • Чаҳор варзишкори тоҷик дар феҳристи 20 варзишкори бартари ҷаҳон
    Чаҳор варзишкори тоҷик дар феҳристи 20 варзишкори бартари ҷаҳон

Номи чаҳор гӯштигири тоҷик дар феҳристи 20 варзишкори бартари ҷаҳон сабт шуд.

Ба гузориши Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, чаҳор узви тими миллии гӯштии Тоҷикистон дар ҷамъи 20 нафари бартари ҷаҳон қарор гирифтанд.

Иттиҳоди ҷаҳонии гӯштӣ (WWU) феҳристи нави беҳтарин варзишкорони ҷаҳонро мунташир кард, ки дар он Ҳикматуллоҳ Воҳидов, Муҳаммад Икромов, Искандари Рустам ва Мубинҷон Аҳмадов, чаҳор варзишкори тоҷик дар ҷамъи 20 варзишкори бартар ворид шуданд.

Ин варзишкорони тоҷик дар соли гузашта дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё медал ба даст овардаанд.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп