Боздошти мудири яке аз ширкатҳои нерӯгоҳи Роғун барои ихтилоси молӣ
(last modified Wed, 17 Feb 2021 08:57:45 GMT )
Феврал 17, 2021 13:57 Asia/Dushanbe
  • Боздошти яке аз роҳбарони нерӯгоҳи Роғун бо иттиҳоми азхудкунии молиявӣ
    Боздошти яке аз роҳбарони нерӯгоҳи Роғун бо иттиҳоми азхудкунии молиявӣ

Раиси Оҷонси давлатии мубориза бо фасоди Тоҷикистон дар бораи боздошти яке аз мудирони ширкатҳое, ки дар сохтмони нерӯгоҳи Роғун фаъолият мекунанд, бо иттиҳоми азхудкунӣ хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Спутник, Сулаймон Давлатзода гуфтааст, ки Тоҳир Саидзода мудири ширкати мавсум ба "Файзи истиқлол 25 " ба иттиҳоми истифода аз манобеи молии ихтисосёфта барои сохти ин нерӯгоҳ барои манофеъи шахсӣ боздошт шудааст ва таҳқиқи ин моҷаро идома дорад. 

Вай таъкид кардааст, ки мудирони ширкат муттаҳам ба ихтилоси 2 миллиону 800 ҳазор сомонӣ аст. Аммо дар маҷмӯъ дар соли 2020 истифодаи ғайриҳадафманди маблағи 124 миллион сомонӣ дар сохти нерӯгоҳи барқи обии Роғун аз сӯи кормандони ожонси давлатии мубориза бо фасоди молии Тоҷикистон ифшо шудааст. Бо ин ҳол бахши умдаи ин манобеи молӣ пас аз ифшо шудани ин маворид аз сӯи афроди муттаҳам ба ҳисоби ширкати нерӯгоҳи барқи обии Роғун бозпардохт шудааст. 

Нерӯгоҳи Роғун бо сарбанди хокии 335 метрӣ ва зарфияти тавлиди 17 миллиард киловатт соат барқ дар сол, бузургтарин тарҳи барқи обии Осиёи марказист. 

Гуфта мешавад, ки сохти ин нерӯгоҳ дар соли 2033 ба поён мерасад.

Бештар бихонед: