Коҳиши 47 дарсадии сармоягузории мустақими хориҷӣ дар Тоҷикистон
(last modified Wed, 17 Feb 2021 13:28:12 GMT )
Феврал 17, 2021 18:28 Asia/Dushanbe
  • Қодирзода: Дар соли 2020, 428 миллион доллар сармоягузории хориҷӣ вориди иқтисоди Тоҷикистон шуд
    Қодирзода: Дар соли 2020, 428 миллион доллар сармоягузории хориҷӣ вориди иқтисоди Тоҷикистон шуд

Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон аз коҳиши қобили тавваҷуҳи сармоягузориҳои мустақими хориҷӣ дар иқтисоди ин кишвар дар соли гузаштаи мелодӣ хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, Саъдӣ Қодирзода, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон гуфт: Сармоягузории мустақими хориҷӣ дар иқтисоди Тоҷикистон дар соли гузашта дар муқоиса бо соли 2019 мелодӣ 47 дарсад коҳиш доштааст.

Қодирзода афзуд: Дар соли 2020, 428 миллион доллар сармоягузории хориҷӣ вориди иқтисоди Тоҷикистон шуд, ки бештари он марбут ба кишвари Чин буд.

Вай изофа кард: Ҳамакнун дар ин кишвар 70 тарҳи сармоягузории давлатӣ ба арзиши беш аз 3. 5 миллиард доллар дар ҳоли иҷро аст, ки ҳудуди 50 дарсади эътибороти ин тарҳҳо ба сурати вом, беш аз 45 дарсад дар қолаби кумакҳои билоиваз ва бақия саҳми давлати Тоҷикистон аст.

Ҳудуди 50 дарсад дар сохтори ин пружаҳо ба сурати қарз ва беш аз 45 дарсади кумакҳои билоиваз ва мобақӣ саҳми давлати Тоҷикистон аст.

Давлати Тоҷикистон дар чорчӯби барномаи қарзҳои хориҷии давлатӣ қасд дорад дар 3 соли оянда барои иҷрои тарҳҳои сармоягузории давлатӣ як миллиарду 160 миллион доллар аз Бонки бозсозӣ ва тавсеаи Аврупо, Бонки тавсеаи исломӣ ва Бонки Ҷаҳонӣ қарзи хориҷӣ ҷазб кунад.

 

Бештар бихонед: