Тарҳи форсисозии дараҷаҳои низомӣ дар Тоҷикистон ба ҳукумат ирсол шуд
Кумитаи давлатии забон ва истилоҳоти Тоҷикистон тарҳи форсисозии дараҷаҳои низомӣ дар нерӯҳои мусаллаҳро ба ҳукӯмат ироа кардааст.
Ба гузориши сомонаи Тоҷ вик, Абдураҳим Зулфониён, корманди аршади Кумитаи давлатии забон ва истилоҳоти Тоҷикистон дар нишасти хабарӣ дар Душанбе эълом кард: “коргурӯҳи вижаи Кумитаи давлатии забон ва истилоҳоти Тоҷикистон пас аз ду соли баррасӣ, тарҳи форсисозии дараҷаҳои низомӣ дар нерӯҳои мусаллаҳро ба ҳукӯмат ироа кардааст ва давлат тасмими ниҳоиро дар ин замина хоҳад гирифт”.
Бо вуҷӯди вурӯди Тоҷикистон ба 30-умин солгарди истиқлолаш то ба ҳол барои дараҷаҳои низомӣ дар нерӯҳои мусаллаҳ аз ҳамон вожаҳои русии даврони Шуравӣ истифода мешудааст.
Ба гуфтаи Зулфониён дар сурати пазируфта шудани тарҳи пешниҳодӣ аз сӯйи ҳукумат рутбаҳо чунин хоҳанд буд: «Ефрейтор - радабон, младший сержант - даставар, сержант - дастаёр, старший сержант - дастабон, старшина - сардаста, прапорщик – силаҳбон, лейтенант - таҳамдор, капитан – таҳамтан, майор – саргурд, подполковник – сарҳангёр, полковник – сарҳанг, генерал – солор, генерал-майор – гундсолор, генерал-лейтенант – лашкарсолор, генерал-полковник – сипаҳсолор ва генерал армии – артишсолор» тағйир хоҳад кард.
Қаблан Кумитаи давлатии забон ва истилоҳоти Тоҷикистон ба вазорати дифои ин кишвар тарҳи форсисозии дараҷаи нерӯҳои низомиро ирсол карда буд.
Иддае аз низомиён ва коршиносон муътақиданд, ки Тоҷикистон ба унвони як кишвар мустақил набояд аз номҳои русӣ барои дараҷаи нерӯҳои низомӣ истифода кунад.
БЕШТАР БИХОНЕД:
- Мухолифати вазорати дифои Тоҷикистон бо форсисозии дараҷаҳои низомӣ
- Гузориши вижа: ҳимоят аз тағйири исми дараҷаҳои низомӣ ба форсӣ аз сӯи мақомоти Тоҷикистон
- Русия даври ҷадиди омӯзиши нерӯҳои низомии тоҷикро оғоз кард