Зарурати тақвияти тавони иқтисодии Тоҷикистон
Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон зарурати тақвияти минбаъдаи саноати кишварро барои афзоиши содирот таъкид кард.
Бино ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ба нақл аз сомонаи Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон, Шералӣ Кабир гуфт: "Дар бахши бофандагии Қирғизистон 150 ҳазор нафар кор мекунанд, ки ин пешрафтатарин бахши бофандагӣ дар Тоҷикистон аст."
Вай мӯътақид аст, ки корхонаҳои саноатии Тоҷикистон имкони афзоиши содироти маҳсулоти саноатиро доранд, ки бояд истифода шаванд.
Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон гуфт, ки соли гузашта ҳудуди 87 ҳазор тонна алюминий, 191 ҳазор тонна сангҳои маъданӣ, 100 ҳазор тонна пахта ва 1,3 миллион тонна семент ба маблағи 1,4 миллиард доллар содир шудааст, ки аз он бахши саноатӣ 1,2 миллиард долларро ташкил медиҳад.
Вай афзуд: "Соли гузашта дар кишвар 5,6 миллион тонна семент тавлид шуд, ки аз он 1 миллиону 300 ҳазор тонна ба Узбакистон ва Афғонистон содир шудааст."
Бештар бихонед: