Феврал 18, 2021 20:10 Asia/Dushanbe
  • Шумори ҷонбохтагони корона дар Эрон ба 59 ҳазору 264 нафар расида аст
    Шумори ҷонбохтагони корона дар Эрон ба 59 ҳазору 264 нафар расида аст

Бо фавти 80 нафари дигар аз беморони мубтало ба вируси корона дар Эрон дар 24 соъати гузашта,шумори ҷонбохтагони корона дар Эрон ба 59 ҳазору 264 нафар расидааст.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон дар 24 соъати гузашта бар асоси меъёрҳои қатъии ташхисӣ 8 ҳазору 66 бемори нави мубтало ба корона дар Эрон шиносоӣ ва 578 нафар аз онҳо бистарӣ шудаанд.

  То кунун ҳудуди як миллиону 550 ҳазору 142 нафар дар Эрон ба таври қатъӣ ба вируси корона мубтало шудаанд, ки аз ин теъдод як миллиону 324 ҳазору 231 нафар беҳбуд ёфта ё аз бемористонҳо тархис шудаанд.

 

 Бештар бихонед :

 

Барчасп