Рушди иқтисоди диҷиталӣ дар Тоҷикистон
(last modified Fri, 19 Feb 2021 16:32:53 GMT )
Феврал 19, 2021 21:32 Asia/Dushanbe
  • Зарфиятҳои Тоҷикистон барои тавсеаи иқтисоди диҷиталӣ
    Зарфиятҳои Тоҷикистон барои тавсеаи иқтисоди диҷиталӣ

Вазири рушди иқтисод ва бозаргонии Тоҷикистон аз рушди физояндаи иқтисоди диҷиталӣ дар кишвар хабар дод.

Ба гузориши вебгоҳи Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, Завқӣ Завқизода дар нишасти хабарӣ дар шаҳри Душанбе гуфт: Тоҷикистон зарфиятҳои билқуввае барои тавсеаи беш аз пеши иқтисоди диҷиталӣ дорад.

Вай афзуд: Иқтисоди диҷиталӣ сабаби суботи иқтисоди калон, коҳиши таъсирпазирии иқтисод ба навасоноти хориҷӣ ва афзоиши рақобатпазирӣ мешавад.

Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон ҳамчунин гуфт: Ин вазоратхона ду тарҳи барномаи тавсеаи иқтисоди диҷиталии миёнамуддат ва барномаи тавсеаи содироти давлатиро барои солҳои 2021 то 2025 ба давлат ироа кардааст.

Завқизода хотирнишон кард: Ин барномаҳо бо ҳадафи тақвияти зерсохтҳои иқтисоди диҷиталӣ ва афзоиши тавонмандиҳои содиротии Тоҷикистон барои панҷ соли оянда ироа шудааст.

 

Бештар бихонед: