Баррасии афзоиши табодули коло байни Тоҷикистону Бангладеш
(last modified Sat, 20 Jul 2024 14:49:28 GMT )
Июл 20, 2024 19:49 Asia/Dushanbe
  • Баррасии афзоиши табодули коло байни Тоҷикистону Бангладеш

Тоҷикистону Бангладеш масаълаи афзоиши табодули коло байни ду кишварро баррасӣ карданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз «Ховар», Аҳлиддин Нуриддинзода, муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Муҳаммад Мунир-ул-Ислом, сафири Бангладеш дар Тоҷикистон дидору гуфтугӯ кард.

Дар ин дидор мавзуоти таъсиси кохонаҳои муштарак дар манотиқи озоди иқтисодӣ, тавсеаи ҳамкориҳои дуҷониба дар тиҷорати электронӣ, иқтисоди диҷитал ва соири мавзуоти муҳими тиҷорату ҳамкориҳои иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт.

Тарафайн дар мавриди ҳамкориҳои модерну фурсатҳои муносиб барои тавсеаи бештари ҳамкориҳо табодули назар карданд.