Кишти картошка дар заминҳои аз истифода беруни атрофи бемористони вилоятии Суғд
Тухми себзаминӣ (картошка) дар заминҳои билоистифодаи атрофи бемористони вилоятии Суғд кишт шуд.
Ба гузориши сомонаи Вазорати кишоварзии Тоҷикистон, ин иқдом бо ҳадафи истифодаи беҳина аз замин барои афзоиши маҳсулоти кишоварзӣ анҷом шуд.
Ҳамчунин кадри беҳдошту дармони клиникаи минтақаи Суғд ба сабаби коҳиши густариши корона ва кам шудани беморони коронаӣ муддате аст, ки аз вазъияти изтирорӣ хориҷ шудаву коркунони он дар ҳоли иқдомоти зебосозӣ ба муносибати гиромидошти сиюмин солгарди истиқлоли Тоҷикистон ҳастанд.
Бо ҳамин ҳадаф гиёҳони тазйинӣ, ниҳоли дарахтони мевадиҳанда ва тухми анвои маҳсулоти кишоварзӣ дар заминҳои атрофи бемористон кошта шуд.
Бемористони минтақаии Суғд яке аз марокизи дармонии аслӣ барои бистарии беморони коронаӣ дар Тоҷикистон буд, ки дар муддати густариши корона кадри дармонии он шабонарӯзӣ фаъолият мекарданд.
Бештар бихонед:
- 80 дарсади ҷамъияти Тоҷикистон алайҳи корона ваксинатсия мешаванд
- Хисорати 174 миллиондолларии корона ба гардишгарии Тоҷикистон