Феврал 19, 2021 22:25 Asia/Dushanbe
  • сохти марказҳои омӯзишӣ
    сохти марказҳои омӯзишӣ

То соли ояндаи мелодӣ 12 маркази омӯзиши касбӣ – техникии нав дар Тоҷикистон сохта мешавад.

Ба гузориши “Ховар”, Вазорати кор, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ин теъдод маркази омӯзиширо бо ҳамкории Сандуқи миллии сармоягузории иҷтимоии Тоҷикистон ва Бонки Ҷаҳонӣ хоҳад сохт.

Ин муҷтамаъҳо дар навоҳии Кӯлоб, Фархор, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Панҷ, Хоруғ ва Ванҷ сохта мешавад.

Бар асоси эъломи мақомоти Вазорати кор, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон, дар ҳоли ҳозир дар 62 муассисаи омӯзишии кишвар 97 риштаи тахассусии касбӣ – техникӣ дарс дода мешавад, ҳамчунин 5 маркази омӯзишии бузургсолон бо 41 шуъба ва 21 дафтари намояндагӣ низ дар Тоҷикистон фаъол аст.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп