Июл 18, 2024 18:51 Asia/Dushanbe
  • Тавсеаи ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Қатар дар ростои омузиши тахассусии дипломатҳои ҷавон

Тавсеаи ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Қатар дар ростои бозомӯзӣ ва такмили тахассуси дипломатҳои ҷавон мавриди баҳс ва баррасӣ қарор гирифт.

Нурмурод Муҳаммадалӣ, сафири Тоҷикистон дар Қатар рӯзи 17 июл бо доктор Абдулазиз Муҳаммад Юсуф ал-Ҳур-раиси Муассисаи дипломатии зери назари Вазорати умури хориҷаи Қатар дидор ва гуфтугӯ кард.Тарафҳо дар ин дидор дар бора тақвият ва густариши ҳамкориҳои Вазоратҳои умури хориҷаи Тоҷикистон ва Қатар дар ростои бозомӯзӣ ва такмили тахассуси дипломатҳои ҷавон, тавсеаи барномаҳои омӯзишии муштарак барои бозомӯзии кодри дипломатӣ баҳс ва табодули назар карданд.

 

 

Барчасп