Дастури Эмомалӣ Раҳмон барои сарфаҷӯӣ дар таҷлили ҷашни Наврӯз
Раиси ҷумҳури Тоҷикистон дастур дод, ки ҷашни Наврӯзи имсол дар ин кишвар бидуни исрофкорӣ баргузор шавад.
Ба гузориши сомонаи Ховар, Эмомалӣ Раҳмон дар нишасте бо муовинони нахуствазир, мушовирони раисиҷумҳур ва масъӯлони теъдоде аз вазоратхонаҳо ва созмонҳои давлатӣ дар шаҳри Душанбе хостори сарфаҷӯӣ дар таҷлили ҷашни Наврӯзи имсол шуд.
Қаблан Ситоди кишварии мубориза бо Ковид-19 Тоҷикистон таҷлил аз ҷашни Наврӯзро дар соли ҷорӣ муҷоз эълом кард. Аммо маҳдӯдияти баргузории таҷаммуъот ва намоишҳои фарҳангӣ ҳамчунон барқарор хоҳад буд.
Ин ситод эълом кардааст, ки дар чорчӯби барномаи таҷлили ҷашни Наврӯз танҳо мусобиқоти варзишӣ ва фарҳангӣ бо риояти муқаррароти беҳдоштӣ муҷоз мебошад.
Бахши умдаи барномаҳо, аз ҷумла намоишгоҳи саноати дастӣ,м усобиқоти варзишӣ ва озмӯнҳои кӯдакон дар паркҳои шаҳри Душанбе баргузор хоҳад шуд.
Барои ширкаткунандагон дар ин барномаҳо ва бинандагон, доштани ниқоб ва риояти фосилаи иҷтимоӣ, илзомӣ эълом шудааст.
БЕШТАР БИХОЕД: