Ташкили 112 парвандаи ҷиноӣ алайҳи мақомоти вилояти Хатлон
Додситонии вилояти Хатлон аз ташкили 112 парвандаи ҷиноӣ алайҳи мақомоти шаҳрҳо ва навоҳии ин минтақа дар соли 2020 ба иттиҳоми фурӯши ғайриқонунии замин хабар дод.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Тоҷ Вик, дар баёнияи прокуратураи вилояти Хатлон таъкид шудааст, ки дар ин миён парвандаҳои пурсару садо ба мавридҳои фурӯши замин ва дарёфти ришва ба шаҳрдори Кӯлоб Баҳром Иноятзода ва Аскар Набизода муовини раиси ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон марбут аст.
Бар асоси ин баёния, ҳамчунин дар соли 2020 мақомоти додситонии вилояти Хатлон 272 мусаввабаи раисони масъулони шаҳрҳо ва навоҳии ин вилоятро ба далели муғойират бо қонун лағв кардаанд, ки 85 дарсади он ба баҳси фурӯши ғайриқонунии замин бармегардад.
Ин дар ҳолест, ки Юсуф Раҳмон додситони кулли Тоҷикистон чанде қабл дар нишасти хабарӣ дар Душанбе эълом кард буд: «Дар Тоҷикистон ҳеч ноҳияе вуҷуд надорад, ки масъулони он ба фурӯши ғайриқонунии замин даст назада бошанд.»
Дар соли 2020 алайҳи 296 мақоми масъули шаҳрҳо ва навоҳии Тоҷикистон ба иттиҳоми фурӯши ғайриқонунии замин парвандаи ҷиноӣ ташкил шудааст.
Бештар бихонед: