Январ 17, 2023 10:00 Asia/Dushanbe
  • Вокуниши кордори Эрон ба сукути расонаҳои муонид дар бораи эътирофоти такондиҳандаи афсари полиси Англия

Кордори Ҷумҳурии исломии Эрон дар Лондон аз сукути расонаҳои муониди форсизабон дар бораи эътирофи афсари полиси Лондон ба ҷурмҳои ҷинсӣ интиқод кард .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Сайидмаҳдии Ҳусайнии Матин-кордори Ҷумҳурии исломии Эрон дар Лондон дар твитте бо ишора ба эътирофи афсари полиси Лондон ба ҷароими ҷинсӣ ва сукути расонаҳои муониди форсизабон навишт : Зоҳиран инҷо  пои манофеи давлати Англия дар миён аст, на манофеи миллии мардуми Эрон, ки расонаҳои муониди форсизабон сукут кардаанд .
Дэвид Крик-афсари 48 солаи полиси Лондон рӯзи душанбе бо эътироф ба иртикоби 49 маврид ҷурм аз ҷумла 20 маврид таҷовузи ҷинсӣ муҷиби шоку ваҳшат дар афкори умумии Англия шуд .
Ин афсари полис, ки маҳали хидмати ӯ шаҳри Лондон унвон шуда, ҳамчунин ба таъаррузи ҷинсӣ,талош барои таҷовузи ҷинсӣ ва анҷоми боздоштҳои бепояву асос эътироф кардааст.
Ин парванда аз сӯи мақомоти қазоии Англия яке аз такондиҳандатарин парвандаҳои марбут ба ҷароими полис унвон шудааст.

 

Барчасп