Ноябр 06, 2023 13:18 Asia/Dushanbe
  • Додситонии Тоҷикистон нисбати се нафар ба далели сохти ҳуҷҷати қалбакӣ парвандаи ҷиноӣ ташкил дод
    Додситонии Тоҷикистон нисбати се нафар ба далели сохти ҳуҷҷати қалбакӣ парвандаи ҷиноӣ ташкил дод

Додситонии кулли Тоҷикистон барои чандин нафар, аз ҷумла як афсари полиси пойтахт ба иттиҳоми таҳияи ҳуҷҷатҳои низомӣ ва ҷурмҳои сохтакорӣ парвандаи ҷиноӣ ташкил додааст.

Ба гузориши “Спутник”, Абдулазим Шарифов аз шаҳрванде ба номи хонаводагии Фатҳуллоева 36000 сомонӣ дарёфт намуда ва аз тариқи дӯсташ Фирдавс Аҳмадов барои онҳо ҳуҷҷати қалбакӣ дуруст кардааст.

Додситонии Тоҷикистон ин се нафарро ба далели тақаллубкорӣ, сохти ҳуҷҷати қалбакӣ ва мушорикат дар ҷурм муттаҳам кард ва барои онҳо парвандаи ҷиноӣ ташкил дод.

Додситонии Тоҷикистон ҳамчунин эълом кард, дар парвандаи дигаре Ҳасан Тухтаев дар ивази дарёфти 40 ҳазор сомонӣ, барои теъдоде аз сокинони ноҳияи Исфара билети ҳарбӣ ё корти поёни хидмати сарбозӣ месохтааст.

Дар ҳамин робитаи додситони қисми ҳарбии Суғд барои муттаҳамон парвандаи ҷиноӣ ташкил додаву таҳқиқоти муқаддамотӣ идома дорад.

Ба гуфтаи манбаъ, сеюмин маврид дар бораи Меҳроҷиддин Назаров, корманди идораи Хадамоти давлатии ҳифозати Вазорати умури дохила дар минтақаи Шоҳмансур буд, ки аз Нуриддин Собирзода 24000 сомонӣ барои сохтакории ҳуҷҷатҳо дарёфт карда буд.

 

Бештар бихонед:

Барчасп