Феврал 23, 2021 13:28 Asia/Dushanbe
  • Далер Ҷумъа мегӯяд, нархи барқ дар Тоҷикистон дар муқоиса бо дигар сӯхтҳо ҳанӯз ҳам арзон аст
    Далер Ҷумъа мегӯяд, нархи барқ дар Тоҷикистон дар муқоиса бо дигар сӯхтҳо ҳанӯз ҳам арзон аст

Вазири вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон муътақидаст, ки вуҷӯди барқи қиммат аз бебарқӣ беҳтар аст.

Ба гузориши сомонаи Спутник, Далер Ҷумъа бо ишора ба ин ки коршиносон қиммати барқ дар Тоҷикистонро гарон унвон мекунанд, гуфтааст: «агар қиммати ангишт, ҳизум ва дигар сӯхтҳо бо барқ муқоиса шавад, ҳанӯз ҳам истифода аз барқ барои гармоиши хонаҳо ва пухти ғизо барои хонаводаҳо арзонтар тамом мешавад».

Вай муддаӣ шуд, ки қимат ҳар киловатт/барқ дар муқоиса бо дигар сӯхтҳои маъмӯл дар Тоҷикистон 8 баробар арзонтар аст.

Аз дидгоҳи Далер Ҷумъа бо анҷоми ислоҳот дар сохтори ширкати давлатии “Барқи Тоҷик” ва ҷудо кардани хадамоти интиқол ва тавзеъи барқ аз ин ниҳод, вазъи барқрасонӣ беҳбуд хоҳад ёфт.

Аммо баррасии иқтисоддонони тоҷик нишон медиҳад, ки қиммати барқи масрафӣ барои бахши хонагӣ дар Тоҷикистон дар 10 соли ахир ба таври паё-пай афзоиш ёфта ба тавре, ки дар ин муддати нархи ҳар киловатт соат/барқ барои бахши хонагӣ аз 9 дирам дар соли 2010 б 22.6 дирам дар соли 2019 расид.

Ин дар ҳоле аст, ки Бонки Ҷаҳонӣ дар соли 2018 эълом карда буд, Тоҷикистон бояд то соли 2025 бо иҷрои барномаи вижае нархи ҳар киловатт соат/барқ барои бахши хонагиро ба 35 дирам бирасонад.

Мақомоти далели афзоиши доимии қимати барқ дар Тоҷикистонро дархости ниҳодҳои молии байналмилалӣ ва минтақаӣ унвон мекунанд, ки шарти ихтисоси вомҳои ҷадид ба Тоҷикистон аст.

 

БЕШТАР БИХОНЕД:

 

Барчасп