Баррасии иҷрои тарҳҳои муштараки Тоҷикистон ва Бонки Рушди Исломӣ дар Ҷадда
Феврал 24, 2021 20:05 Asia/Dushanbe
Раванди иҷрои тарҳҳои муштараки Тоҷикистон ва Бонки Рушди Исломӣ дар Ҷадда баррасӣ шуд.
Ба гузориши Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон, Акрам Каримӣ, сафири Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ дар Ҷадда бо Бандар Ҳиҷор, раиси Бонки Рушди Исломӣ мулоқот кард.
Дар ин мулоқот масоили ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Бонки Рушди Исломӣ ва иҷрои тарҳҳои муштарак дар зерсохтҳои тандурустӣ, энергетика, омӯзиш, амнияти ғизоӣ ва пуштибонии бахши хусусӣ баҳс шуд.
Бештар бихонед:
- Кумаки Бонки Рушди Исломӣ ба Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон
- Тасвиби тавофуқномаи молӣ бо Бонки Рушди Исломӣ дар парлумони Тоҷикистон
Барчасп