Феврал 25, 2021 21:58 Asia/Dushanbe
  • Аз сентябри 2021 стипендияи ҳамаи давраҳои таҳсилоти донишгоҳӣ дар Тоҷикистон афзоиш меёбад
    Аз сентябри 2021 стипендияи ҳамаи давраҳои таҳсилоти донишгоҳӣ дар Тоҷикистон афзоиш меёбад

Бо фармони раиси ҷумҳӯри Тоҷикистон стипендия(шаҳрия)и донишгоҳҳои кишвар аз сентябри оянда 30 дарсад афзоиш меёбад .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз дафтари матбӯотии раёсати ҷумҳӯрии Тоҷикистон, рӯзи панҷшанбе Эмомалӣ Раҳмон фармони афзоиши шаҳрия барои донишҷӯёну ҳунрҷуёни омӯзишгоҳҳои миёнаи касбии ҷумҳӯриро имзо кард .

  Бар асоси ин фармон шаҳрияҳои таҳсилӣ ҳамчунин барои донишҷӯёни  давраи таҳсилоти такмилӣ ва донишҷӯёни аспирантура афзоиш меёбад .

  Ба ин тартиб аз аввали сентябри 2021 мизони шаҳрияи донишҷӯён дар Тоҷикистон 30 дарсад афзоиш хоҳад дошт .

 Дар ин замина ба маъмурони ҳукумат дастур дода шудааст, ки иқдомоти лозимро барои иҷрои ин фармон анҷом диҳанд .

 

  Бештар бихонед : 

Барчасп