Стипендияи донишгоҳҳои Тоҷикистон афзоиш ёфт
Бо фармони раиси ҷумҳӯри Тоҷикистон стипендия(шаҳрия)и донишгоҳҳои кишвар аз сентябри оянда 30 дарсад афзоиш меёбад .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз дафтари матбӯотии раёсати ҷумҳӯрии Тоҷикистон, рӯзи панҷшанбе Эмомалӣ Раҳмон фармони афзоиши шаҳрия барои донишҷӯёну ҳунрҷуёни омӯзишгоҳҳои миёнаи касбии ҷумҳӯриро имзо кард .
Бар асоси ин фармон шаҳрияҳои таҳсилӣ ҳамчунин барои донишҷӯёни давраи таҳсилоти такмилӣ ва донишҷӯёни аспирантура афзоиш меёбад .
Ба ин тартиб аз аввали сентябри 2021 мизони шаҳрияи донишҷӯён дар Тоҷикистон 30 дарсад афзоиш хоҳад дошт .
Дар ин замина ба маъмурони ҳукумат дастур дода шудааст, ки иқдомоти лозимро барои иҷрои ин фармон анҷом диҳанд .
Бештар бихонед :