Баргузории 4 размоиши роҳбурдии Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ имсол дар Тоҷикистон
-
Имсол дар Тоҷикистон 4 размоиши роҳбурдӣ баргузор мешавад
Раиси ситоди кулли Нерӯҳои мусаллаҳи Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) гуфт: Имсол дар Тоҷикистон 4 размоиши роҳбурдӣ баргузор мешавад.
Ба гузориши сомонаи рӯзномаи “Российская газета”, генерал Анатолий Сидоров ин матлабро дар нишасти хабарӣ дар Маскав баён кард.
Вай далели баргузории ин размоишҳо дар хоки Тоҷикистонро таҷаммӯи гурӯҳҳои террористӣ дар наздикии марзи Тоҷикистон бо Афғонистон эълом кард.
Сидоров теъдоди аъзои гурӯҳҳои террористӣ дар наздикии марзҳои Тоҷикистон ва Туркманистон, дар шимоли Афғонистонро 15 ҳазор нафар тахмин зад.
Аз дидгоҳи вай, теъдоди нерӯҳои гурӯҳҳои террористӣ дар хоки Афғонистон низ ҳудуди 70 ҳазор нафар аст.
Чанде қабл Станислав Зас, дабири кулли Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ дар сафар ба Душанбе ва дидор бо мақомоти ин кишвар, мавзӯи ҳамкориҳои дуҷониба ва мавқеияти марзи Тоҷикистон бо Афғонистонро баррасӣ кард.
Бештар бихонед:
- Ҳимояти СПАД аз амният дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон
- Таъкиди дабири кулли СПАД бар тақвияти марзи Тоҷикистон ва Афғонистон