Феврал 27, 2021 21:02 Asia/Dushanbe
  • Бемористон 200 тахтихобии Узбакистон дар Тоҷикистон дорои таҷҳизоти пешрафта аст
    Бемористон 200 тахтихобии Узбакистон дар Тоҷикистон дорои таҷҳизоти пешрафта аст

Бемористони сохти Узбакистон дар ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон омодаи пазириши беморон, аз ҷумла афроди мубтало ба Ковиди 19 шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Тоҷ Вик, сохти ин бемористон соли 2018 бо ҳазинаи ҳукумати Узбакистон оғоз шуда буд.

Ин бемористон 200 тахти хоби муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти пешрафтаи ташхиси вируси корона мебошад, ки дар Тоҷикистон беназир аст.

Ин таҷҳизот дар кӯтоҳтарин замони мумкин беморони мубтало ба вируси коронаро мушаххас мекунад.

Узбакистон ҳамчунин дар моҳи сентябри соли 2020 сохти як мадраса барои 630 донишомӯзро дар ноҳияи Спитамени Тоҷикистон ба поён расонд.

Бар асоси тавофуқи дуҷониба Тоҷикистон низ бояд як мадраса барои 640 донишомӯз дар вилояти Самарқанд ва як боғчаи бачагон дар вилояти Фарғонаи Узбакистон бисозад, ки ба далели густариши вируси корона ин ду нақша ҳанӯз такмил нашудааст.

 

Бештар бихонед:

Барчасп