Ҳузури ноширони тоҷик дар намоишгоҳи китоби Белорус
(last modified Sun, 28 Feb 2021 15:42:08 GMT )
Феврал 28, 2021 20:42 Asia/Dushanbe
  • Ҳузури ноширони тоҷик дар намоишгоҳи китоби Белорус
    Ҳузури ноширони тоҷик дар намоишгоҳи китоби Белорус

Ноширони Тоҷикистон дар намоишгоҳи китоби Белорус ширкат карданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон дар ин намоишгоҳ ноширони 20 кишвар ширкат карда буданд.

Сафири Тоҷикистон дар Белорусия Муҳаммадшариф Ҳақдод низ дар намоишгоҳи 28-уми китоби Минск аз ғурфаи Тоҷикистон дидан кард.

Дар ин намоишгоҳ кишварҳои Австрия, Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Венесуэла, Олмон, Эрон, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Молдова, Покистон, Фаластин, Русия, Сурия, Тоҷикистон, Туркманистон, Туркия, Узбакистон ва Украина ширкат варзиданд.

 

Бештар бихонед: