Тилло ва долларҳои мусодирашуда дар Тоҷикистон ба кӣ тааллуқ доранд?
(last modified Mon, 01 Mar 2021 06:29:58 GMT )
Март 01, 2021 11:29 Asia/Dushanbe
  • Чанде пеш дар фурудгоҳи Душанбе 90 кило тилло ва ба маблағи 15 миллион доллари қочоқӣ мусодира карда шуд
    Чанде пеш дар фурудгоҳи Душанбе 90 кило тилло ва ба маблағи 15 миллион доллари қочоқӣ мусодира карда шуд

Муовини раиси парлумони Афғонистон, ки бо ҳайате вориди Душанбе шудааст, иддаои расонаҳои хабарии кишварашро дар бораи амволи мусодирашуда дар фурудгоҳи пойтахти Тоҷикистон рад кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Спутник, Муҳаммад Мирзо Катавозай дар посух ба даъвои расонаҳои Афғонистон дар бораи он, ки ӯ соҳиби 90 кило тилло ва 15 миллион доллари қочоқӣ дар фурудгоҳи Душанбе аст, гуфтааст, ки ҳеч иртиботе бо ин моҷаро надорад ва даъвохои матбуоти Афгонистон беасосанд.

Мақомоти додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 2 феврали имсол эълом карда буданд, ки дар фурӯдгоҳи шаҳри Душанбе аз як гурӯҳи қочоқчии Афғонистон 40 килограм тилло ва миллионҳо доллар пули нақд кашф ва мусодира кардаанд

Ҳамзамон мақомоти қудратии Афғонистон гуфта буданд, ки ин миқдор тилло ва пули нақд аз Афғонистон ба таври қочоқ ба Тоҷикистон мунтақил шуда ва қарор буд ба Дубай расонда шавад. 

Бо ин ҳол шабакаи 1 телевизиони Афғонистон рӯзи 27 феврал муддаӣ шуд, ки ин миқдор тилло ва доллари кашфшуда дар фурӯдгоҳи шаҳри Душанбе мутаъаллиқ ба Муҳаммад Мирзои Катавозай муовини аввали раиси порлумони Афғонистон аст. 

Ҳамчунин Раҳмоналӣ Раҳимзодаи мудири идораи мубориза бо ҷиноят дар гумруки Тоҷикистон гуфтааст, ки дар ин иртибот 3 корманди хадамоти гумруки фурудгоҳи Душанбе ба иттиҳоми ҳамкорӣ бо гурӯҳи қочоқчии афғонӣ боздошт шудаанд.

 

Бештар бихонед: