Март 02, 2021 13:31 Asia/Dushanbe
  • Аз миёни 9 қочоқчии боздошт шуда, се нафар корманди гумруки фурӯдгоҳи Душанбе будаанд
    Аз миёни 9 қочоқчии боздошт шуда, се нафар корманди гумруки фурӯдгоҳи Душанбе будаанд

Манобеи Достонии кулли Тоҷикистон аз қочоқи ҳазору 200 килограм тилло ва 112 миллиондоллари нақд аз 4 сентябр то 14 ноябри соли 2020 ба Дубай хабар додаанд.

Ба гузориши сомонаи Топ Тҷ, ин манобе гуфтаанд, ки пас аз боздошти 9 нафар, аз ҷумла ду шарванди Афғонистон ба иттиҳоми талош барои интиқоли 90 килограм тилло ва 15 миллиондоллар аз фурӯдгоҳи Душанбе ба Дубай ин афрод ба қочоқи ҳазору 200 килограм тилло ва 112 миллиондоллар дар ин давраи се моҳа низ эътироф кардаанд.

Гуфта мешавад, ки аз миёни 9 муттаҳами боздошт шуда, се нафар корманди гумруки фурӯдгоҳи Душанбе будаанд.

Ин дар ҳоле аст, ки шабакаи як телевизиюни Афғонистон рӯзи 27 феврал муддаӣ шуд, ки молики 90 килограм тилло ва 15 миллиондоллари кашф шуда дар фурӯдгоҳи шаҳри Душанбе Муҳаммадмирзо Катавозай, муовини аввали раиси порлумони Афғонистонаст, ки ин рӯзҳо бо ҳайате вориди Душанбе шудааст.

Иддаое, ки Муҳаммадмирзо Катавозай онро рад кардааст.

Парвандаи 9 нафари боздошт шуда дар моҷарои қочоқи тилло ва доллар барои баррасӣ ба Додгоҳи олии Тоҷикистон ирсол шудааст.

 

БЕШТАР БИХОНЕД: