Ҷамъияти Тоҷикистон аз 9,5 миллион нафар фаротар рафт
Теъдоди ҷамъияти Тоҷикистон дар аввалҳои соли ҷории 2021 аз 9,5 миллион нафар фаротар рафт.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Тоҷ Вик, Ожонси давлатии омори Тоҷикистон эълом кард, ки ҷамъияти кишвар акнун ба 9 миллиону 504 ҳазор нафар расидааст, ки рушди 2 дарсадӣ дар соли 2020-ро нишон медиҳад.
Бар ин асос дар соли 2020 ҷамъияти Тоҷикистони наздик ба 198 ҳазор нафар бештар шудааст.
Тибқи маълумоти аҳолии Тоҷикистон дар минтақаҳои гуногуни кишвар, дар вилояти Хатлон 3 миллиону 425 ҳазор нафар, дар вилояти Суғд 2 миллиону 754 ҳазор нафар, дар ноҳияҳои марказӣ 2 миллиону 215 ҳазор нафар, дар Вилояти Кӯҳистони Бадахшон 231 ҳазор нафар ва 880 нафар ҳазор нафар дар Душанбе зиндагӣ мекунанд.
Ин дар ҳолест, ки соли 2019 Бонки Ҷаҳонӣ рушди сареъи ҷамъияти Тоҷикистонро, ки ба нақшаи ташкили ҷойҳои корӣ ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар кишвар мувофиқат намекунад, ҳамчун бомбаи соатӣ тавсиф карда буд.
Аз нигоҳи коршиносони Бонки Ҷаҳонӣ дар ҳоле, ки як сеюм аз ҷамъияти беш аз 9 миллион нафарии Тоҷикистонро навҷавонони то 14 сол ташкил медиҳанд ва барномаи муҳоҷирати нерӯи корҷӯёни ин кишвар ба хориҷ ҳам душвор шудааст, мақомоти Душанбе бояд дар фикри танзими рушди ҷамъият бошанд.
Ба гуфтаи коршиносони умури ҷамъият дар соли 2023 ҷамъияти Тоҷикистон ба 10 миллион нафар хоҳад расид.
Бештар бихонед: