Март 03, 2021 20:30 Asia/Dushanbe
  • Пиряхи 75 километрии Федченкои Тоҷикистон дар 70 соли ахир як километр кӯтоҳ шудааст
    Пиряхи 75 километрии Федченкои Тоҷикистон дар 70 соли ахир як километр кӯтоҳ шудааст

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод кард, ки соли 2025 ба унвони соли Ҳифозат аз пиряхҳои табиӣ номгузорӣ шавад.

Ба гузориши сомонаи «ТоҷВик», Эмомалӣ Раҳмон дар нахустин ҳамоиши гурӯҳи байналмилалии масоили обу иқлим, ки аз тариқи иртиботи тасвирӣ баргузор шуд, афзуд: Бар асари гарм шудани кураи Замин акнун об шудани пиряхҳои табиӣ ба мушкиле воқеӣ табдил шудааст ва бояд барои пешгирӣ аз ин раванд иқдом кард.

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид кардааст, ки пиряхи Федченко дар кӯҳистонҳои вилояти Бадахшони Тоҷикистон, ки тӯли он 75 километр аст, дар 70 соли ахир як километр кӯтоҳ шудааст.

Эмомалӣ Раҳмон миёнгини солонаи об шудани қуллаи ин пиряхро 16 метр эълом кард ва изҳор дошт: Об шудани пиряхҳо ба маънии коҳиши мизони захоири оби ошомидании мавриди ниёзи сокинони кишварҳои Осиё Марказӣ аст, ки дар рушди иқтисодии ин минтақа низ таъсире ногувор хоҳад гузошт.

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин таъсиси Сандуқи байналмилалии ҳифозат аз пиряхҳои табииро хостор шуд.

 

Бештар бихонед:

 

 

Барчасп