Барқарории парвозҳо миёни Русия ва Тоҷикистон дар моҳҳои май ва июн
(last modified Wed, 03 Mar 2021 16:03:25 GMT )
Март 03, 2021 21:03 Asia/Dushanbe
  • Дар соли 2020 густариши вируси корона боиси қатъи парвозҳои Душанбе - Маскав шуд
    Дар соли 2020 густариши вируси корона боиси қатъи парвозҳои Душанбе - Маскав шуд

Мудири Фурӯдгоҳи байналмилалии Внуковои Маскав эълом кард, ки парвозҳо миёни Русия ва Тоҷикистон аз моҳҳои май ва июни имсол барқарор хоҳад шуд.

Ба гузориши сомонаи «Спутник», Виталий Вантсев гуфтааст, ки бо беҳбуди шароити корона дар Тоҷикистон ба эҳтимоли зиёд парвозҳо аз Русия ба мақсади ин кишвар дар авохири баҳор ё авоили тобистони имсол оғоз мешавад.

Вай изофа кард: Тоҷикистон ва Ӯзбакистон бозори хубе барои бахши ҳавопаймоии кишварии Русия ҳастанд, аммо дар соли 2020 густариши вируси корона боиси қатъи парвозҳои дуҷониба шуд ва ба иқтисоди Тоҷикистон ва Узбакистон низ ба далели коҳиши сафари коргарони муҳоҷири ду кишвар хисороти фаровони молӣ ворид кард.

Парвозҳо миёни Русия ва Тоҷикистон аз 20 марти соли 2020 ба далели густариши бемории Ковид -19 мутаваққиф шуд ва дар ин муддат танҳо парвозҳои чартерӣ барои хориҷ кардани шаҳрвандони тоҷикистонӣ аз Русия барқарор будааст.

 

Бештар бихонед: