Март 04, 2021 13:35 Asia/Dushanbe
  • Масъулони Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯянд, ки як миллиону 800 ҳазор нафар бар зидди Ковид 19 эмин хоҳанд буд
    Масъулони Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯянд, ки як миллиону 800 ҳазор нафар бар зидди Ковид 19 эмин хоҳанд буд

Муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон эълом кард, ки бар асоси як назарсанҷӣ 81 дарсад аз мардуми кишвар хостори гирифтани ваксинаи корона шудаанд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Парсо Тиҷӣ, Самариддин Ализода  ҳамчунин гуфтааст, ки рӯзҳои наздик ба Тоҷикистон вуруди 192 ҳазор доза ваксинаи коронаи Астра Зенека / Оксфорд бо ҳамкории Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ ва Бонки Ҷаҳонӣ дар назар мебошад.

Қаблан мақомоти ин вазоратхона эълом карда буданд, ки дар марҳилаи аввал кодри дармон, муаллимон ва афроди болои 50 сол дар авлавияти дарёфти ваксинаи корона қарор доранд ва як миллиону 800 ҳазор нафар алайҳи ин беморӣ эм карда мешаванд.

Ализода дар бораи тавофуқи раисони ҷумҳурии Тоҷикистон ва Чин барои ройгон ворид кардани ваксинаи коронаии чинӣ гуфтааст, ки кори гурӯҳи вижаӣ машғули омӯзиши ин мавзӯъ аст.

Вай таъкид кардааст, ки тазриқи ваксинаи корона, ки ба унвони кумаки башардӯстона ворид мешавад ройгон хоҳад буд.

Ба гузориши Вазорати Тандурустии Тоҷикистон 13 ҳазору4 308 нафар дар ин кишвар ба вируси корона олуда шудаанд, ки аз ин теъдод 90 нафар ҷон бохта ва бақия дармон шудаанд.

Дар ҳудуди 54 рӯзи ахир ҳеҷ мавриди ҷадиде аз гирифтор шудан ба Ковиди 19 дар Тоҷикистон гузориш нашуда ва вазъияти ин кишвар аз назари ин беморӣ сафед аст. 

 

Бештар бихонед:

Барчасп