Имзои тавофуқномаи ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Бонки бозсозӣ ва тавсеъаи Аврупо
Март 04, 2021 21:58 Asia/Dushanbe
Тоҷикистон ва Бонки бозсозӣ ва тавсеъаи Аврупо тавофуқнома имзо карданд .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз вазорати молияи Тоҷикистон ин тавофуқномаро Файзиддин Қаҳҳорзода- вазири молияи ҷумҳӯрии Тоҷикистон ва Ойтин Рустамова- намояндаи Бонки бозсозӣ ва тавсеъаи Аврупо дар Тоҷикистон имзо карданд .
Ҳадафи аслии ин тавофуқнома сохт, бозсозии махзанҳо, беҳбуди сифат,зиддиуфунӣ кардани ва таъмини оби ошомиданӣ барои аҳолии шаҳри Кулоб аст .
Ҳазинаи кулли ин тарҳ 15 миллион евро аст, ки 7.5 миллион евроро Бонки бозсозӣ ва тавсеъаи Аврупо ва боқиро Иттиҳодияи Аврупо мепардозад.
Бештар бихонед :