Март 06, 2021 21:49 Asia/Dushanbe
  • Сабаби барканории Ҳисомиддинзода шарҳ дода нашудааст
    Сабаби барканории Ҳисомиддинзода шарҳ дода нашудааст

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо судури фармон раиси Донишкадаи исломии ин кишварро барканор кард.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Тоҷ Вик, Тоҷиддин Ҳисомиддинзода, ки аз соли 2015 раёсати танҳо Донишкадаи Исломии Тоҷикистонро бар ӯҳда дошт дар ҳоле аз вазифааш барканор шуд, ки дар фармони раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи иллати барканории ӯ тавзеҳе дода нашудааст. 

Вай қабл аз интисоб ба вазифаи раёсати Донишкадаи исломии Тоҷикистон корманди комитети давлатии умури дин ва танзими ҷашну маросим буд. 

Дар Тоҷикистон бо ҷамъияти беш аз 9 миллиону 500 ҳазор нафар, ки тақрибан ҳамагӣ мусулмон ҳастанд Донишкадаи исломӣ танҳо муассисаи омӯзишии исломии ин кишвар аст ки 879 донишҷӯ дорад ва таҳсил дар он низ бо пардохти пул мумкин аст. 

То соли 2016 дар Тоҷикистон 19 мадрасаи исломӣ низ фаъолият мекард, ки тамоми ин марокиз баста шуда ва тадриси хусусӣ дар ин замина низ амалан ғайримумкин аст.

 

Бештар бихонед:

Барчасп