Истихроҷи беш аз 2 миллион тон ангишт дар Тоҷикистон
Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон эълом кард, ки дар соли 2020 беш аз 2 миллион тон ангишт аз конҳои ин кишвар истихроҷ шудааст.
Ба гузориши сомонаи «Спутник», Шералӣ Кабир гуфтааст, ки ин миқдор ангишт аз ҷониби 9 ширкат истихроҷ шудааст, ки дар муқоиса бо соли 2019 бештар аст.
Бар асоси эъломи Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон, дар ин кишвар 200 марказ ва корхона аз ангишт ба унвони сӯхт истифода мекунанд.
Ҳамакнун аз конҳои ангишти «Фон–Яғноб» ва «Шӯроб» дар вилояти Суғд, «Назар айлоқ» дар минтақаи Рашт, «Зидеҳ» дар шимоли шаҳри Душанбе ва «Сайёд» дар дарраи Ромити ноҳияи Ваҳдат ангишт истихроҷ мешавад.
Захоири шиносоишуда дар 21 кони ангишти Тоҷикистон ҳудуди се миллиард тон аст.
Ба гуфтаи вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон, дар соли 2020 беш аз 17 миллион сомонӣ таҷҳизоти истихроҷи ангишт ба ин кишвар ворид шудааст.
Бештар бихонед:
- Мушкилоти содироти ангишти Тоҷикистон
- Содироти 3000 тон ангишти Тоҷикистон соли 2020 ба хориҷ аз кишвар
- Истихроҷи якуним миллион тон ангишт дар Тоҷикистон