Шароити нигаҳдории Ғаффор Мирзоев дар зиндон беҳтар шудааст
(last modified Tue, 09 Mar 2021 09:36:30 GMT )
Март 09, 2021 14:36 Asia/Dushanbe
  • Додгоҳи олии Тоҷикистон дар соли 2004 Мирзоевро ба зиндони абад маҳкум кард
    Додгоҳи олии Тоҷикистон дар соли 2004 Мирзоевро ба зиндони абад маҳкум кард

Наздикони генерал Ғаффор Мирзоев, фармондеҳи собиқи Горди миллӣ ва раиси пешини Ожонси давлатии мубориза бо маводи мухаддири Тоҷикистон, ки ба зиндони абад маҳкум шудааст аз беҳбуди шароити нигаҳдории вай хабар додаанд.

Ба гузориши сомонаи Топ тҷ, ин генерали 65 сола, ки аз соли 2004 ба ҳабси абад маҳкӯм шудааст, то чанд сол қабл дар боздоштгоҳ нигаҳдорӣ мешуд, аммо акнӯн ба зиндон мунтақил шудааст ва наздикони вай мегӯянд, ки метавонанд бо Ғаффор Мирзоев ҳар чаҳор моҳ якбор дидор кунанд ва ин дар ҳоле аст, ки қаблан имкони мулоқот бо ӯ ҳар шаш моҳ як бор имконпазир будааст.

Дар ҳамин ҳол, Ҷамила Комилова, вакили мудофеъи Ғаффор Мирзоев мегӯяд, ки муваккилаш баррасии дубораи парвандаи ҷиноӣ ва бознигарӣ дар ҳукми маҳкӯмияти худро хостор шудааст.

Додгоҳи олии Тоҷикистон дар соли 2004 генерал Ғаффор Мирзоевро ба иттиҳоми қасди ташкили табаддулоти давлатӣ, хариди ғайримуҷози силоҳ, нигаҳдории он, суистифода аз мақоми хидматӣ ва дигар ҷурмҳои вазнин, ба зиндони абад маҳкӯм кард.

 

БЕШТАР БИХОНЕД: