Тафсир- Аҳкоми эъдом алайҳи фаъолони сиёсии Арабистон дар сояи сукути Ғарб
(last modified Wed, 08 Feb 2023 07:31:21 GMT )
Феврал 08, 2023 12:31 Asia/Dushanbe
  • Тафсир- Аҳкоми эъдом алайҳи фаъолони сиёсии Арабистон дар сояи сукути Ғарб

Арабистони Саудӣ дар аҳкоми ҷадиди қазоӣ барои чаҳор фаъоли сиёсии дигар, ҳукми эъдом ва барои бархе аз фаъолони сиёсӣ низ то 27 сол ҳукми зиндон содир кардааст.

Дар бораи аҳкоми ҷадиде, ки дастгоҳи қазоии Арабистони Саудӣ содир кардааст, зикри чанд нукта ҳоизи аҳаммият аст:

Аввал инки афроде, ки алайҳи онҳо ҳукми эъдом ё ҳабси тӯлонимуддат содир шудааст, касоне ҳастанд, ки аз соли 2016 токунӯн дар боздошт ба сар мебаранд ва пас аз ҳафт сол аҳкоми сангини эъдом ё ҳабс барои онҳо содир шудааст ва ин афрод тайи ин муддат ҳам аз доштани вакил маҳрӯм буданд ва ҳам дар додигоҳи солеҳ ба таври одилона муҳокима нашуданд.

Нуктаи дувум ин аст, ки ин афрод як сол пас аз ба қудрат расидани Муҳаммад бин Салмон боздошт шуданду иллати аслии боздошти онҳо низ интиқод аз иқдомҳо ва рафторҳои Муҳаммад бин Салмон будааст. Ин мавзӯ нишон медиҳад, ки дар системаи ҷадиди Арабистони Саудӣ, ки аз соли 2015 эъмол мешавад, афроде алайҳи шахси Муҳаммад бин Салмон интиқод анҷом диҳанд бо муҷозоти сангин назири эъдому ҳабсҳои тӯлонимуддат мувоҷеҳ мешавад.

Нуктаи сеюм ин аст, ки Арабистони Саудӣ аз абзорҳои ҷосӯсӣ барои шунуди муколимоти мардум, аз ҷумла фаъолони сиёсӣ истифода мекунад ва ин абзорҳои ҷосӯсӣ низ заминаи саркӯб ва боздошти фаъолони сиёсӣ дар Арабистони Саудиро фароҳам кардааст.

Нуктаи муҳими дигар ин аст, ки Арабистони Саудӣ дар ҳоле ҳамчунон ба судӯри ҳукми эъдом алайҳи фаъолони сиёсӣ дар ин кишвар идома медиҳад, ки ахиран Созмони аврупоии ҳуқуқи башар бо интиқод аз ҳаҷми густардаи эъдом дар ин кишвар эълом кард, ки болотарин мизони эъдом дар Арабистон тайи солҳои ахир сабт шудааст. Созмони аврупоӣ - саудии ҳуқуқи башар ахиран таъкид кард, ки Арабистон тайи даҳ соли гузашта рекордеро аз эъдом ба сабт расондааст ва ин дар ҳоле аст, ки аз соли 2013 то октябри имсол 1100 нафарро эъдом карда, ки беш аз 990 мавриди он дар замони салтанати Малик Салмон бин Абдулазиз аз авоили соли 2015 будааст.

Додаҳои ҷамъовари шуда аз соли 2010 нишон медиҳад дар солҳои 2021 то 2022 , Арабистони Саудӣ шоҳиди рушди 119 дарсадии иҷрои аҳкоми эъдом ва дар солҳои 2020 то 2022 , шоҳиди рушди 444 дарсадии иҷрои аҳкоми эъдом будааст.

Нуктаи муҳим дигар ин аст, ки ончӣ ба Арабистон ҷуръат ва  ҷасорати бештаре барои судӯри мутаволии аҳкоми эъдому ҳабсҳои тӯлонимуддат алайҳи фаъолони сиёсӣ дода, сукути Ғарб аст. Амрико ва кишварҳои аврупоӣ дар соли 2022 интиқодҳои зиёде аз нақзи фоҳиши ҳуқуқи башар дар Арабистони Саудӣ анҷом доданд, аммо ин интиқодот бештар атрофи қатли Ҷамол Хошуқҷӣ, рӯзноманигори саудӣ дар Истонбули Туркия буд. Бо вуҷӯди иддаои Амрико ва кишварҳои аврупоӣ барои муҷозоти Арабистон ба далели нақзи фоҳиши ҳуқуқи башар, аммо ҳеҷ иқдоме алайҳи судӯри аҳкоми золимонаи эъдому ҳабсҳои тӯлонимуддат дар қиболи фаъолони маданӣ дар дохили Арабистони Саудӣ анҷом надоданд ва ин сукут ҳамроҳ бо ҳимояти чароғи сабз барои тадовуми судӯри аҳкоми золимона тавассути Арабистони Саудӣ буд.