Март 10, 2021 14:04 Asia/Dushanbe
  • Дар Теҳрон ҳамоиши байналмилалии маҷозӣ таҳти унвони \
    Дар Теҳрон ҳамоиши байналмилалии маҷозӣ таҳти унвони \"Занон ва иқтисоди хонаводамеҳвар\" баргузор шуд

Се нафар аз намояндагони Маҷлиси қонунгузории Тоҷикистон дар ҳамоиши байналмилаллии маҷозии "занон ва иқтисоди хонаводамеҳвар", ки онро Маҷлиси Шӯрои Исломӣ ва Маҷмааи Парлумонии Осиё дар Теҳрон баргузор шуд, суханронӣ карданд.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи порлумони Тоҷикистон, дар ин ҳамоиш Сумангул Тағозода раиси комитети умури иҷтимоӣ, хонавода ва ҳифзи саломатӣ, Солеҳа Холмуҳаммадзода ва Саидҷаъфар Усмонзода аз аъзои ин комитет аз тариқи иртиботи тасвирӣ дар бораи мавзӯи занон ва иқтисоди хонаводамеҳвар изҳори назар карданд. 

 

Онон таъкид карданд, ки дар шароити феълӣ ба далели густариши вируси корона. ки мӯҷиби афзоиши фақр ва бекорӣ шудааст, ҷомеаҳои башарӣ бояд барои иртиқои ҷойгоҳи занон ва истифода аз ин нерӯи тавонманд барои рафъи мушкилот иқдом кунанд. 

 Намояндагони Маҷлиси қонунгузории Тоҷикистон афзуданд: Фаъолияти занони корофарин ба унвони муваллиди тавлид ва нерӯи кор ҳамвора муҳим будааст ва аҳамияти ҳузури занон дар канори мардон ва кори онон дар умури хона ва хонавода бар касе пӯшида нест. 

 Онон изофа карданд: Занон ба унвони нерӯи халлоқ ва мутафаккир метавонанд таҳаввуле дар зиндагӣ ва ҳаёти иҷтимоӣ ва иқтисодӣ эҷод кунанду ҷавомеъро аз ҳолати буҳрон наҷот диҳанд. 

Дар ин ҳамоиш намояндагони маҷлисҳои Афғонистон, ҷумҳурии Озарбойҷон, Иморот, Индонезия, Тоҷикистон, Туркманистон, Покистон, Туркия, Тайланд, Филиппин, Русия, Қатар, Қазоқистон, Аммон, Лубнон, Ветнаму Кипр ширкат ва суханронӣ карданд. 

 

Бештар бихонед:

Барчасп