Коҳиши сайёҳон ва афзоиши ширкатҳои хидматрасонии сайёҳӣ дар Тоҷикистон
(last modified Sat, 13 Mar 2021 16:42:19 GMT )
Март 13, 2021 21:42 Asia/Dushanbe
  • Соҳаи сайёҳии Тоҷикистон дар соли 2020 аз ҳисоби густариши корона 174 миллион доллар зарар дид
    Соҳаи сайёҳии Тоҷикистон дар соли 2020 аз ҳисоби густариши корона 174 миллион доллар зарар дид

Кумитаи давлатии рушди туризми вобаста ба ҳукумати Тоҷикистон ба се ширкати нави хадамоти сайёҳӣ иҷозатнома эъто кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Спутник, ин ширкатҳо бо номҳои рангоранги тур, Ориён тур ва чоркӯҳ сабти ном шуда ва метавонанд фаъолияти худро оғоз кунанд.

Бо ин иқдом токунун теъдоди ширкатҳои хадамоти гардишгарӣ дар Тоҷикистон ба 224 маврид расидааст, ки 30 марказ дар соли 2020 ва 3 ширкат дар соли равон таъсис шудаанд.

Бо ин ҳол ба далели густариши вируси корона дар соли 2020 ба Тоҷикистон 410 ҳазор сайёҳи хориҷӣ ворид шудаанд, ки дар муқоиса бо соли 2019 ба мизони 69 дарсад ё ки 909 ҳазор нафар камтар мебошад.

Вуруди ин теъдод сайёҳ низ тайи се моҳи нахусти соли 2020 ва қабл аз густариши вируси корона ва қатъи парвозҳои хориҷӣ будааст. 

Бахши гардишгарии Тоҷикистон дар соли 2020 ба далели кам шудани вуруди гардишгарони хориҷӣ ба маблағи 174 миллион доллар хисорат дидааст.

 

Бештар бихонед: