Ислоҳи тарҳи хати КАСА 1000 ва фурӯши мустақими барқи Тоҷикистон ба Покистон
(last modified Sun, 14 Mar 2021 07:01:09 GMT )
Март 14, 2021 12:01 Asia/Dushanbe
  • Гуфта мешавад, ки сохти бахши тоҷикистонии хати КАСА 1000 имсол ба поён мерасад
    Гуфта мешавад, ки сохти бахши тоҷикистонии хати КАСА 1000 имсол ба поён мерасад

Вазорати энержӣ ва захоири оби Тоҷикистон эълом кард, ки бо ислоҳи тарҳи сохти хати КАСА 1000 заминаи фурӯши мустақими барқи ин кишвар ба Покистон фароҳам мешавад .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Авасто, бо ислоҳи ин тарҳ ба сохти як зеристгоҳи барқи фишори қавӣ дар Кобул-пойтахти Афғонистон ниёз нахоҳад буд ва барқи Тоҷикистон бевосита ба Покистон мунтақил хоҳад шуд.

   Бо ин иқдом Тоҷикистон метавонад ба ҷои ҳазор мегаватти қаблӣ 1300 мегаватт барқ ба Покистон содир кунад .

    Қаблан мақомоти Афғонистон эълом карда буданд, ки ба далели гаронии қимати барқи содиротии Тоҷикистон танҳо ба унвони кишвари транзитӣ дар ин тарҳ мушорикат хоҳанд кард .

   Гуфта мешавад, ки сохти бахши тоҷикистонии хати КАСА 1000 имсол ба поён мерасад .

 Бо такмили ин тарҳ Тоҷикистону Қирғизистон дар шаш моҳ аз сол метавонанд наздик ба панҷ миллиард киловатт-соъат барқро бо хати КАСА 1000 ба Покистон мунтақил кунанд .

 Хароҷоти сохт ин тарҳ, ки бояд дар соли 2020 баҳрабардорӣ мешуд ҳудуди як миллиард доллар баровард шудааст.

    Саҳми Тоҷикистон дар ин тарҳ 314 миллион доллар, Қирғизистон 209 миллион, Афғонистон 354 миллион ва Покистон 209 миллион доллар аст .

 

    Бештар бихонед :