Бозори нави Хуҷанд баъд аз ду сол ҳануз фурушанда ва харидор надорад
Бо гузашти ду сол аз сохти бозори нави маҳсулоти кишоварзӣ дар шаҳри Хуҷанд ин маркази тиҷорӣ бидуни фурушанда ва харидор мондааст .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ба нақл аз сомонаи РИА Новости агарчӣ дар соли 2019 масъулони бозори ҷадиди Суғдиён бо пахши огаҳии телевизиюнӣ эълом карда буданд, ки истифода аз воҳидҳои ин маркази тиҷорӣ ба муддати шаш моҳ барои фурушандагон ройгон ва бидуни пардохти андоз хоҳад буд, аммо ин таблиғот корсоз набуд ва ин маркази тиҷорӣ ҳамчунон аз фурушандаву маҳсулот холӣ аст .
Абдураҳим Абдуллоев-мудири ин марказ, ки бозори Суғдиёнро бо маблағҳои шахсӣ дар замине ба масоҳати 9 гектар бо 2 ҳазор дӯкон сохтааст дар ин бора мегуяд : Бештари афроде ки бояд дар ин бозор машғул ба кор шаванд, тағйири касбу кор додаанд .
Вай изофа кард : Ҳамчунин густариши вируси корона муҷиб шуд, ки бозори Суғдиён беистифода бимонад .
Абдуллоев бо ишора ба талошҳо барои роҳандозии ин бозор гуфт : Дар ин замина ҳатто бо марказҳои тиҷории Русияву Қазоқистон созшномаи ҳамкорӣ имзо шуд, ки имкони воридоти маҳсулот аз ин ду кишвар ва арзаи яклухт ва нисбатан арзони колоҳо фароҳам шавад. Ин дар ҳоле аст, ки яке аз тоҷирони хуҷандӣ гуфтааст, ки далели истиқбол накардани фурушандагон аз бозори Суғдиён дурии он аз маркази шаҳр, боло будани мизони қарзҳои банкӣ ва андоз аст .
Бештар бихонед :
- Роҳандозии 14 ширкат соли гузашта дар Хуҷанд
-
Ақиб мондани ниме аз корхонаҳои саноъатии Хуҷанд аз барномаи тавлиди маҳсулот