Март 15, 2021 11:05 Asia/Dushanbe
  • Нархи як литр бензин дар баъзе манотиқи Тоҷикистон ба 9 сомонӣ расидааст
    Нархи як литр бензин дар баъзе манотиқи Тоҷикистон ба 9 сомонӣ расидааст

Ҳарчанд нархи як литр бензин дар Тоҷикистон ба нӯҳ сомонӣ расидааст, бо ин ҳол марказҳои сӯзишворӣ барои ҳар мошин танҳо 20 литр ин навъи сӯзишворӣ медиҳанд.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Топ Тиҷи, акнун нархи як литр бензин дар шаҳри Душанбе ба 8 сомонию 80 дирам ва манотиқи дурдасти Тоҷикистон ба 9 сомонӣ расидааст.

 Дар аксар марказҳои сӯхтгирӣ бо саҳмиябандии ин навъи сӯхт танҳо 20 литр барои ҳар ронанда дар назар гирифта шудааст. 

Албатта, ронандагон инро фитнаи байни ширкатҳои монополистии воридкунандаи сӯзишворӣ ва корхонаҳои полоишгоҳи кишварҳои хориҷӣ меноманд. Аммо Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон ин иттиҳомотро рад карда, гуфтааст, ки ин аз кам шудани воридоти сӯзишворӣ аз Қазоқистон вобаста аст.
 

Сабаби асосии болоравии нархи бензин ва солярка коҳиши воридот аз Қазоқистон аст, мегӯяд Раҷабалӣ Масеҳиддинзода, роҳбари хадамоти зиддиинҳисории ҳукумати Тоҷикистон.  
  

Ин омил муҷиб шудааст, ки аз оғози соли ҷорӣ ( 2021 )нархи ин ду навъи сӯхт 23 дарсад боло равад. Ҳамчунин коҳиши воридоти гази моеъ аз Қазоқистон низ дар соли ҷорӣ нархи онро 13 дарсад афзоиш дод. 

 Афзоиши нархи сӯхт ҳамзамон бо эъзоми нерӯи низомии Қирғизистон ба марзи муштарак бо Тоҷикистон ба манзури ҷилавгирӣ аз қочоқи сӯхт ба кишвари ҳамсоя иттифоқ афтод.

 Тоҷикистон дар соли 2020 аз Русия ва Қазоқистон 430 ҳазор тонна гази моеъ, 180 ҳазор тонна бензин ва беш аз 250   ҳазор тонна салярка ворид кардааст. 
  
  
  
  Бештар бихонед : 

  

Барчасп