Март 15, 2021 20:27 Asia/Dushanbe
  • Ҳафтаи қабл низ мақомоти Тоҷикистон 7 шаҳрванди боздоштшудаи Қирғизистонро озод карданд
    Ҳафтаи қабл низ мақомоти Тоҷикистон 7 шаҳрванди боздоштшудаи Қирғизистонро озод карданд

Тоҷикистон 12 шаҳрванди Қирғизистонро, ки ба иттиҳоми убури ғайриқонунӣ аз марз боздошт шуда буданд, озод кард ва ба мақомоти вилояти Ботканд таҳвил дод.

Ба гузориши сомонаи «Спутник», гуфта мешавад, ки ҳафтаи қабл низ мақомоти Тоҷикистон 7 шаҳрванди Қирғизистонро, ки ба иттиҳоми мушобеҳ боздошт шуда буданд, озод кардаанд.

Ҳамчунин генерал Қамчибек Тошиев, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон барои дидор бо Саидмуъмин Ятимов, ҳамтои тоҷикистониаш ва гуфтугӯ дар бораи масоили марзӣ ба Душанбе сафар кардааст.

Онон дар дидоре, ки рӯзи 16 март дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд оғоз мешавад, дар бораи раванди аломатгузории марзи муштараки ду кишвар баҳсу табодули назар хоҳанд кард.

Ин музокирот, ки нахустин дидори онон пас аз тағйири давлат дар Қирғизистон аст то ҳаждаҳуми март идома хоҳад ёфт.

Дар пайи ду даҳа музокироти мақомоти ду кишвар барои ҳалли ихтилофоти марзӣ, то кунун фақат 506 километр аз марзи 970 километрии Тоҷикистон ва Қирғизистон аломатгузорӣ шудааст.

Ихтилофи назари мақомоти Тоҷикистон ва Қирғизистон бар сари бархе аз манотиқи марзӣ дар вилоятҳои Суғд ва Ботканд, аз ҷумла мушкилоти тарафҳо барои дастёбӣ ба тавофуқе ҷомеъ дар ин замина аст, ки гоҳе боиси даргирӣ миёни сокинони деҳоти марзӣ низ мешавад.

 

Бештар бихонед :

 

 

Барчасп