Вуруди ҳайати русӣ ба Тоҷикистон бо ҳадафи баррасии авзои коронаӣ
Ҳайате аз Созмони ғизо ва доруи Русия барои арзёбии авзои коронаии Тоҷикистон вориди шаҳри Душанбе шуд.
Ба гузориши сомонаи «Спутник», мутахассисони Пажӯҳишгоҳи микробшиносӣ ва Созмони ғизо ва доруи Русия дар ин сафар бо мақомоти Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар бораи афзоиши ҳамкориҳо барои ҷилавгирӣ аз густариши вируси корона гуфтугӯ ва гузориши ҳукумати ин кишвар дар бораи сафед шудани вазъияти коронаӣ дар ин кишварро баррасӣ мекунанд.
Пеш аз ин Қоҳир Расулзода, нахуствазири Тоҷикистон аз Алексей Оверчук, муовини нахуствазири Русия хоста буд, барои барқарории парвозҳои муназзам миёни ду кишвар, вуруди коргарони муҳоҷири тоҷик, таъсиси корхонаҳои муштарак ва афзоиши воридоти маҳсулоти кишоварзӣ аз Тоҷикистон иқдом кунанд.
Дар муқобил Русия эълом карда буд, танҳо пас аз фиристодани мутахассисон ва баррасии авзои бемории Ковид -19 дар Тоҷикистон, дар бораи оғози дубораи парвозҳои муназзам бо ин кишвар тасмимгирӣ мекунад.
Дар Тоҷикистон аз рӯзи 10 январ то ба ҳол ҳеч мавриди ҷадиде аз ибтило ба вируси корона сабт нашудааст ва зоҳиран авзои коронаӣ дар ин кишвар сафед аст.
Ба гузориши Вазорати тандурустии Тоҷикистон 13 ҳазору 308 нафар дар ин кишвар ба вируси корона олуда шуданд, ки аз ин теъдод 90 тан ҷон бохтанд ва бақия дармон шудаанд.
Бештар бихонед:
- Русия оморҳои расмии корона дар Тоҷикистонро бовар надорад?
- 80 дарсади ҷамъияти Тоҷикистон алайҳи корона ваксина мешаванд
- Дар Тоҷикистон дигар вируси корона вуҷуд надорад