Тағйири номи чандин деҳа дар вилояти Хатлон
Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон фармони тағйири бархе аз номҳои ҷуғрофиёиро дар ноҳияҳои Ҷалолиддини Балхӣ, Темурмалик, Фархор ва Данғара дар вилояти Хатлонро имзо кард.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз дафтари матбуотии Раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, ин қонун барои тасвиб ба маҷлиси миллии порлумони Тоҷикистон ирсол шуд, ки пас аз тасвиб ҷанбаи ҳуқуқӣ пайдо хоҳад кард.
Бар ин асос деҳаҳои Озон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба Золи Зар, Маскав ба зарзамин, Ҳосилот ба Обчакорон, Киров ба Даштобод ва Тошработ ба Сабздашт тағйири ном кардаанд.
Ҳамчунин дар ноҳияи Данғара деҳаҳои Оқсу ба сафобахш, Хоҷа Шақиқи Балхӣ ба Себистон, Кангӣ ба Меҳргон тағйири ном кардаанд.
Дар ноҳияи Фархор низ рустоҳои Деҳқонариқ ба Деҳқонобод, Ғайрат ба Хуросон, Ғалаба ба Хутан ва Хуррамзамин ба Ориён тағйири ном кардаанд.
Дар ноҳияи Темурмалик низ деҳаҳои Совет ба Баҳманруд, Бобо Юнус ба Чиҳил чоҳ, Лақӣ ба Кашктеппа ва Қароқамиш ба Ҳусейнобод тағйири ном кардаанд.
Бештар бихонед: