Март 17, 2021 10:48 Asia/Dushanbe
  • Дар ду моҳи аввали соли 2021 содироти нерӯи барқ ​​аз Тоҷикистон ба хориҷ нисбат ба соли гузашта 90 фоиз афзоиш нишон медиҳад
    Дар ду моҳи аввали соли 2021 содироти нерӯи барқ ​​аз Тоҷикистон ба хориҷ нисбат ба соли гузашта 90 фоиз афзоиш нишон медиҳад

Ожонси давлатии омори Тоҷикистон аз афзоиши содироти нерӯи барқ ба хориҷ ​​дар ду моҳи аввали соли ҷорӣ нисбат ба давраи соли 2020 хабар дод.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Тоҷ Вик, дар моҳҳои январу феврали 2021 аз Тоҷикистон ба хориҷ ба арзиши молӣ 7 миллиону 76 ҳазор доллар барқ содир шудааст, ки дар муқоиса бо давраи монанди соли қабл афзоиши 90 дарсадиро нишон медиҳад. 

Дар ду моҳи нахусти соли 2020 Тоҷикистон ба хориҷ ба маблағи 3 миллиону 720 ҳазор доллар барқ содир карда буд.

Гуфта мешавад, ки дар ин муддат тавлиди барқ дар Тоҷикистон дар муқоиса ба ду моҳи нахусти соли 2020 беш аз 12 дарсад коҳиш ёфтааст.

Ин шохис дар нерӯгоҳҳои барқи обӣ 15 дарсад эълом шуд, ки иллати он низ камбуди об эълом шудааст, аммо нерӯгоҳҳои ҳароратии Тоҷикистон дар ин муддат тавлиди барқро андаке афзоиш додаанд. 

Ҳамзамон бо афзоиши содироти барқи Тоҷикистон ба хориҷ аз рӯзи 6 январи имсол дар манотиқи рустоии Тоҷикистон аз соати 6 субҳ то 23 шаб барқ ба бахши хонагии барқ мунтақил мешавад ва дар бақияи соатҳои шабонарӯзӣ  маҳдудият вуҷуд дорад.

 

Бештар бихонед:

Барчасп