Замони тазриқи ваксинаи корона дар Тоҷикистон ҳанӯз муайян нашудааст
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон эълом кард, ки дар бораи замони оғози тазриқи ваксинаи воридотии Астразенека/Оксфорд ҳанӯз тасмими ниҳоӣ гирифта нашудааст.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Авесто, ин мақомот гуфтаанд, ки рӯзҳои наздик бо баргузории нишасти хабарӣ дар Душанбе дар бораи замони оғози тазриқи 192 ҳазор доза аз ин ваксина, ки шаби 8 марти соли равон вориди Тоҷикистон шуд, итилорасонӣ хоҳанд кард.
Дар ҳоли ҳозир машваратҳо бо Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт дар бораи тазриқи ваксинаи Астразенека /Оксфорд дар Тоҷикистон идома дорад.
Аз сӯи дигар ахиран бархе кишварҳои аврупоӣ аз ҷумлаи Фаронса, Олмон, Италия, Испания, Ирландия ва Голландия эълом карданд, ки тазриқи ин ваксинро ба таври муваққат дар пайи гузориш чанд мавриди ҷиддии баъзе лахтаҳои хунин баъди тазриқӣ ваксинаро муваққатан қатъ мекунанд.
Мэрилин Йосефсон сафири Иттиҳодияи Аврупо дар Душанбе ҳангоми таҳвили нахустин маҳмулаи ваксинаи Астразенека /Оксфорд ба мақомоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон гуфт: «624 ҳазор дозаи дигар аз ин ваксина, ки аз навъи Астразенка / Оксфорд аст дар чорчӯби барномаи Kwax моҳи майи имсол ба Тоҷикистон мунтақил мешавад.»
Бештар бихонед: