Март 17, 2021 13:51 Asia/Dushanbe
  • Музокироти марзӣ дар Гулистон бо раисони кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон ва Қирғизистон оғоз шудааст
    Музокироти марзӣ дар Гулистон бо раисони кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон ва Қирғизистон оғоз шудааст

Музокироти марзии Тоҷикистон ва Қирғизистон пушти дарҳои баста дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд ҳамчунон идома дорад.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Азия плюс, ин гуфтугӯҳо ба раёсати генерал Саидмӯъмин Ятимов ва генерал Қомчибек Ташиев раисони Комитетҳои давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ва Қирғизистон оғоз шуда ва то 18 март идома хоҳад ёфт. 

Ин бори нахуст аст, ки музокироти дуҷониба барои ҳалли ихтилофот ва расидан ба тавофуқ дар бораи аломатгузории марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон аз ҳайати сиёсӣ ба мақомоти амниятӣ вогузор мешавад. 

Дар пайи ду даҳаи музокироти мақомоти ду кишвар барои ҳалли ихтилофоти марзӣ,токунун фақат бар сари аломатгузорӣ 506 километр аз марзи 976 километрӣ тавофуқ ҳосил шуда вале ин миқдор низ ҳанӯз таъини хат нашудааст.

Ихтилофи назари мақомоти Тоҷикистон ва Қирғизистон бар сари бархе аз манотиқи марзӣ дар вилоятҳои Суғд ва Ботканд, аз ҷумла мушкилоти тарафҳо барои дастёбӣ ба тавофуқии ҷомеъ дар ин замина аст.

 

Бештар бихонед:

Барчасп