Март 17, 2021 21:14 Asia/Dushanbe
  • Коргарони муҳоҷири тоҷик дар соли 2020 ба кишварашон як миллиарду 741 миллион доллар ирсол кардаанд
    Коргарони муҳоҷири тоҷик дар соли 2020 ба кишварашон як миллиарду 741 миллион доллар ирсол кардаанд

Бонки марказии Русия эълом кард, ки коргарони муҳоҷири тоҷик дар соли 2020 ба кишварашон як миллиарду 741 миллион доллар ирсол кардаанд, ки дар муқоиса бо соли 2019, 759 миллион доллар коҳиш нишон медиҳад.

Ба гузориши сомонаи Бонки марказии Русия, дар соли 2019 коргарони муҳоҷири тоҷик ба кишварашон 2,5 миллиард доллар ирсол карда буданд, ки баробар бо 30 дарсади тавлиди нохолиси миллии Тоҷикистон буд.

Аммо дар соли 2020 ин шохис ба далели густариши вируси корона ва таътилии касбу корҳо дар Русия коҳиш ёфт.

Аз сӯйи дигар, ба далели баста шудани марзҳои Русия бо кишварҳои хориҷӣ ва қатъи парвози ҳавопаймоҳо ҳазорон коргари муҳоҷири тоҷикистонӣ дар соли 2020 аз сафар ба Русия барои кор бозмонданд.

Дар пайи эъломи вазъияти сафеди коронаӣ дар Тоҷикистон ҳамакнун ҳайати эъзомии Созмони ғизо ва доруи Русия барои ростиозмоӣ дар бораи шароити коронаӣ дар ин кишвар дар Душанбе ҳузур дорад.

Ин гурӯҳ натоиҷи арзёбии худро ба ҳукумати Русия ироа хоҳад кард то ба дархости Ҳукумати Тоҷикистон барои барқарории парвозҳои муназзам бо Русия посух дода шавад.

 

Бештар бихонед: