Фармони Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ширкати Роҳи оҳани Тоҷикистон
-
Ба ширкати Роҳи оҳани Тоҷикистон 5 сол муҳлат дода шудааст, ки қарзи худро ба Бонки воридоту содироти Чин пардохт кунад
Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон бо имзои фармоне ба ширкати Роҳи оҳани ин кишвар муҳлат дод, ки қарзи худ ба Бонки воридоту содироти Чинро пардохт кунад.
Ба гузориши сомонаи “Спутник”, бар асоси фармони Эмомалӣ Раҳмон, ки Парлумони Тоҷикистон низ онро тасвиб кард, ҳамчунин 286 миллиону 469 ҳазор сомонӣ қарзи ширкати роҳи оҳани ин кишвар бахшида шуд.
Эмомалӣ Раҳмон тибқи ин фармон ба ширкати Роҳи оҳани Тоҷикистон 5 сол муҳлат додааст, ки қарзи худро ба Бонки воридоту содироти Чин пардохт кунад.
Ин бонки чинӣ барои сохти 40 километр роҳи оҳан миёни ноҳияҳои Ваҳдат ва Ёвон 72 миллион доллар дар соли 2015 қарз дода буд, вале ширкати Роҳи оҳани Тоҷикистон натавонист қарзи худро пардохт кунад.
Гуфта мешавад, ки қарор аст дар ин масир 3 туннел ва 11 пули иртиботӣ низ сохта шавад.
Бештар бихонед:
- Тоҷикистон ба музокирот дар бораи сохти роҳи оҳани минтақаӣ идома медиҳад
- Калиди роҳи оҳани Туркманистон – Афғонистон ва Тоҷикистон дар дасти Чин