Март 18, 2021 11:27 Asia/Dushanbe
  • Дар Тоҷикистон нархи бензин боло рафт ва нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ барои ҳар мошин 20 литр квота муқаррар карданд.
    Дар Тоҷикистон нархи бензин боло рафт ва нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ барои ҳар мошин 20 литр квота муқаррар карданд.

Иқтисоддони тоҷик мӯътақид аст, ки вобастагии Тоҷикистон ба воридоти сӯзишворӣ аз як кишвар хатарнок мебошад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Авесто, Ориф Айниддинов бо ишора ба гарону камёб шудани бензин дар Тоҷикистон гуфтааст, ки яке аз иллатҳои ин буҳрон вобастагии беш аз ҳади кишвар ба сӯхти воридотӣ аз Русия мебошад ва бояд ин сиёсат тағйир кунад. 

 Афзоиши нархи сӯзишворӣ дар Русия ва коҳиши тавлид дар полоишгоҳҳои ин кишвар мӯҷиб шудааст,  ки нархи ҳар литри бензин дар Тоҷикистон аз 8 сомонӣ фаротар равад. 

 

Айниддинов мегӯяд: «Зарурат дорад, ки Тоҷикистон бо дигар кишварҳо, аз ҷумла Эрон, ҷумҳурии Озарбойҷон ва Туркманистон низ созшномаи воридоти сӯзишворӣ имзо кунад. Аммо дар ин қарордод бояд саҳми 20 то 25 дарсадӣ барои воридот аз ин кишварҳо ихтисос ёбад. Дар ҳоле, ки дар соли 2020 Тоҷикистон аз хориҷ 583 ҳазор тонна анвоъи сӯзишворӣ ба арзиши 272, 5 миллион доллар ворид кардааст, ки 90 дарсади он саҳм Русия мебошад.» 
 

Дар Тоҷикистон акнун бо ин ки нархи як литр бензин дар манотиқи мухталиф 8 сомонию 40 дирам то 9 сомонӣ расидааст, аммо дар марказҳои сӯхтгӣрӣ танҳо квотаи 20 литриро барои ҳар мошин дар назар гирифтаанд. 

Дар айни ҳол мақомоти хадамоти давлатии зидди инҳисории Тоҷикистон ҳам далели аслии афзоиши нархи бензин ва саляркаро коҳиши воридот аз Қазоқистон медонанд ва мӯътақиданд ин масъала мӯҷиб шудааст, ки аз оғози имсол баҳои ин ду навъи сӯзишворӣ 23 дарсад боло равад. 

 

Бештар бихонед:

Барчасп