Афзоиши дубораи нархи сухти дизели дар Тоҷикистон
(last modified Sat, 02 Jul 2022 15:01:05 GMT )
Июл 02, 2022 20:01 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши дубораи нархи сухти дизели дар Тоҷикистон
    Афзоиши дубораи нархи сухти дизели дар Тоҷикистон

Нархи сухти дизели дар Тоҷикистон дубора афзоиш ёфт.

Ба гузоришири радиои тоҷикии Садои Хуросон қимат шудани сухт ба далели афзоиши тақозо ва афзоиши нархи он дар кишварҳои содиркунанда аст. Нархи сухти дизели дар нуқтаҳои фуруши бензин дакр пойтахти Тоҷикистон дар ҳафтаи гузашта 7 дарсад афзоиш ёфта аст ва ҳар летр аз 12 сомонӣ ба 12.8 сомонӣ расид.

Дар минтақаҳои дигари Тоҷикистон низ нархи ин навъ сухт ба ҳамин андоза афзоиш ёфт.

Як летр гозил дар вилояти Суғд 13.4 сомонӣ ва чанд рӯзи пеш ба нархи 12.4 сомонӣ фурухта мешуд.

Нархи хариди гозоил дар вилояти Хатлон 13 то 14 сомонӣ аст, ки нисбат ба ҳафтаи гузашта 0.8 то 1 сомонӣ афзоиш дошта аст.

Бар асоси оморҳои расмии нархи хариду фуруши сухти гозоил дар Тоҷикистон 8.4 дарсад афзоиш ёфт.

Ин дар ҳоле аст, ки нархи дигар сухтҳо дар чанд вақти ахир тақрибан бетағир монда аст.

Тоҷикистон аз январ то майи соли ҷорӣ ҳудуди 290000 тонна фаровардаҳои нефтӣ ба арзиши 230 миллион доллар ворид карда аст.

Мизони воридот бар асоси вазн 39 дарсад аз назари арзиши 2 баробар афзоиш ёфта аст.

Тоҷикистон ҳудуди 90 дарсад фаровардаҳои нефтиро аз Русия ва 90 дарсад гази табии мояъро аз Қазоқистон ворид мекунад.